ТВ “Варзиш”-у “Синамо” фардо фаъол мешаванд
Дар нахустин рӯзи баҳор ду шабакаи нави телевизионӣ дар Тоҷикистон фаъол мешавад.
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, фардо, 1 март бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Синамо” расман ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.
Қарори таъсиси ин ду телевизион ҳанӯз соли гузашта аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида ва қарор буд, ин шабакаҳо сар аз якуми январ фаъол шаванд, аммо масъулини ин телевизионҳо гуфтанд, бо далели сари вақт анҷом нашудани корҳои ташкилӣ замони шурӯи барномаҳояшон ба таъхир афтод.
Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар охирин нишасти хабариаш гуфта буд, ин ду шабакаи телевизионӣ аз ҳисоби Шӯъбаи тиҷоратии кумита фаъол мешаванд: “Аз буҷаи давлат маблағ нагирифтаем. Аз ҳисоби шӯъбаи тиҷорат телевизиони “Варзиш” ва “Синамо”-ро бунёд кардем. Ман инро бузургтарин дастовард медонам дар даврони Истиқлол, ки барои мову шумо беш аз 200 ҷои корӣ пайдо шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |