“Гитлер” дар фасодкорӣ айбдор мешавад
Аҳмадҷон Усмонов, маъруф ба “Гитлер”, ҳокими собиқи вилояти Тошканд дар сӯйистифода аз вазифа, хешутаборбозӣ дар интихоби кадрҳои нав ва порагирӣ айбдор дониста мешавад.
Бино ба иттилои расонаҳои узбакӣ, Аҳмадҷон Усмонови дар ҳафтаи гузашта боздоштшуда дар боздоштгоҳи Идораи амнияти миллии (ИАМ) Узбакистон бозпурсӣ шуда, зидди вай парвандаи ҷиноӣ дар миёнаи моҳи феврал боз шудааст.
Усмонов аз вазифаи ҳокими вилояти Тошканд 4 феврал барканор шуда, сипас аз курсии вакилӣ дар шӯрои вилоятӣ низ маҳрум гашт ва матбуоти Узбакистон аз интиқодҳои президент Ислом Каримов нисбати ӯ ёдовар шуд.
Усмонов аз соли 2006 то соли 2013 раҳбарии вилояти Андиҷонро ба уҳда дошт ва сокинони ин вилоят ӯро барои бераҳмиҳои зиёдаш “Гитлер” унвон карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |