Э.Раҳмон саҳми Чинро дар таъмини амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон муҳим хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29 феврал бо Фан Фэнхоэй, узви Шӯрои маркази ҳарбӣ ва сардори штаби Артиши халқии озодгари Чин рушди ҳамкориҳои ҳарбии дуҷонибаро баррасӣ кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Фан Фэнхоэй иброз доштааст, ки “масъалаи таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, дар маҷмӯъ бахши амниятӣ мавзӯи муҳими ҳамкориҳои кишварҳои мо мебошад”.
Манбаъ мегӯяд, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва сардори штаби Артиши халқии озодгари Чин аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, умедвор шудаанд, ки бо талошҳои пайваста минбаъ низ ҳамкориҳои дуҷониба рушд хоҳад кард. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, дар мулоқот баробари ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ҳамчунин атрофи масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси низомии тоҷик ва иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда табодули назар сурат гирифта, саҳми кишвари Чин барои таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бо се хатари ҷаҳони муосир — терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухадди муҳим арзёбӣ гардид: “Таъкид гардид, ки дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои дигар мо бояд ҳамаҷониба омода бошем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |