Се консерти Садриддину Ғизол дар Душанбе (ВИДЕО)
Садриддини Наҷмиддин, хонандаи номовари тоҷик ва Ғизол Иноят, сарояндаи афғон дар пойтахти Тоҷикистон се консерти муштарак баргузор хоҳанд кард.
Ин барномаҳои ҳунарӣ 20,21 ва 22 март бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир мегарданд.
Садриддину Ғизол соли сипаришуда таронаи “Ҷони ман”-и равоншод Кароматуллоҳи Қурбонро иҷро карданд ва он зуд шуҳратёр шуд. Клипи он танҳо дар се моҳ марзи як миллион бинандаро убур кард, ки барои Тоҷикистон “рекорд” маҳсуб мешавад. Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои тамрини овозхонии ин ду сароянда нашр гардид ва хабар дода шуд, ки Садриддину Ғизол чанд таронаи дигари муштарак мехонанд. “Номи ту бошад бар лабам”, “Соқиё, маро дарёб” ва “Ту ситорамӣ” аз шумули онҳо гуфта мешаванд.
Баъд аз консерти Душанбе Садриддини Наҷмиддин ва Ғизол Иноят дар Австралияву Канада ва Амрикову Бритониё ҳам ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |