Бахшҳо

Доварони рақобатҳои тими миллии Тоҷикистон бо Австралияву Қирғизистон маълум шуданд

Ду бозии дигари тими миллии Тоҷикистонро дар даври дуюми мусобиқаи тахассуси Ҷоми Ҷаҳон- 2018, ки моҳи март баргузор мегардад, доварон аз Қатар ва Узбакистон назорат хоҳанд кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии Тоҷикистон ва Австралияро, ки 24 март доир мешавад, доварони дараҷаи байналмилалӣ -- сардовар Фаҳад Ҷаббор Ал-Марри, доварон Юсуф Ориф Ал-Шамариву Муҳаммад Ал-Бакрӣ (Арабистони Саудӣ) инчунин довари эҳтиётӣ Чуан Ху Фу (Сингапур) ҳакамӣ хоҳанд кард.

Нозири бозии яккачини Тоҷикистон ва Австралия мутахассис аз Малайзия – Азим Бин Абдулло ва комиссари бозӣ Томохиро Каисе аз Ҷопон интихоб шудаанд. Бозии охирини тими миллии Тоҷикистон дар даври тахассусии Ҷоми Ҷаҳон- 2018 бо Қирғизистонро бошад, доварон аз Узбакистон -- сардовар Азиз Азимов, Руслан Серозиддинов ва Андрей Сапенко назорат хоҳанд кард. Назорати доварон ба зимаи Ҷасим Муҳаммад Абдулкарим аз Баҳрайн ва комиссари бозӣ аз Лубнон Бачир Чафик Абдул Холиқ интихоб шудаанд. Рақобати Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳон-2018 санаи 29 март дар Душанбе баргузор мегардад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)