Сафар Ҳақдодов бе рақобат курсияшро ҳифз кард
Аъзои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки Сафар Ҳақдодов, раиси ин Иттифоқ боқӣ монад.
Дар анҷумани 11-уми Иттифоқи синамогарон, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, дар баробари баррасии фаъолияти 5-сола, масъалаи интихоби раиси нави Иттифоқ низ дар миён буд. Аммо номзаде бо Ҳақдодов вориди рақобат нашуда, аъзои Иттифоқ барои раис боқӣ мондани Ҳақдодов овоз додаанд.
Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, ки соли 1958 ташкил ва соли 1962 фаъол шудааст, феълан 134 аъзо дорад.
Сенариянавис, актёр, муҳаррир ва продюсер - Сафар Ҳақдодов, аз соли 2011 раиси ин Иттифоқ аст. Ӯ 5-уми августи соли 1961 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аз соли 1986 дар “Тоҷикфилм” кор мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |