Кордкашии дузд ба соҳибхоназани 27-сола дар Ҳисор
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини Ҳисор бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ин ҷавони 25-сола якшанбеи 28 феврал тахминан соати 08:00 бо мақсади дуздӣ ба манзили истиқоматии ҳамдеҳааш зани 27-сола ворид шудааст: “Дар дохили хона ба зан дарафтода, аз рӯи миз корди хонагиро гирифта, якчанд маротиба ба узвҳои баданаш зада, аз ҷои ҳодиса гурехтааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |