Даргузашти коргардони филми “Юсуф-пайғомбар” бар асари саратон
Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр, коргардони филми машҳури “Юсуф-пайғомбар” бар асари бемории саратон даргузаштааст.
Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр, муддате бар асари бемории саратон дар бемористон бистарӣ буд.
Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр соли 1952 дар шаҳри Қазвин таваллуд шудааст ва коргардони маҷмӯаҳои тарихию мазҳабии телевизионӣ буд. Расонаҳои ин кишвар аз оқои Силаҳшӯр ба унвони “коргардони муттааҳид ва инқилобӣ” ном бурдаанд. Силаҳшӯр ба ҷуз филми машҳури “Юсуф-пайғомбар” инчунин силсилафилмҳои машҳури телевизионии “Аюб-паёмбар”, “Мардони Анҷелос”-ро низ коргардонӣ кардааст.
Расонаҳои эронӣ гуфтаанд, ки Силаҳшӯр қасд доштааст сериоли “Мусо-паёмбар”-ро низ таҳия ва коргардонӣ кунад.
Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр тавассути филми “Юсуф-пайғомбар” номи ошное дар Тоҷикистон буд ва ин филм аз сербинандатарин филмҳои хориҷӣ дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Силаҳшӯр соли 2009 бо як гуруҳ аз ҳамкасбонаш сафари эҷодие ба Тоҷикистон доштанд ва бо аҳли зиёи кишвар мулоқот намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |