Президенти нави ФИФА: Нуфузи пеширо барқарор мекунем (ВИДЕО)

Ҷаннӣ Инфантино, дабири кулли УЕФА, президенти нави Федератсияи байналмилалии футбол интихоб шуд.
Интихоботи ғайринавбатӣ барои ишғоли курсии президенти ФИФА, ки аз соли гузашта баъди барканории Зепп Блаттер холӣ буд, шоми 26 феврал дар Женеваи Швейтсария баргузор гашта, Инфантинои 45-сола бо гирифтани 115 овоз аз 207 овоз пирӯз шуд.
Барои курсии президентӣ инчунин чор номзади дигар, Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа, президенти Конфедеросиюни футболи Осиё (88 овоз), Алӣ Ал-Ҳусейн шоҳзодаи Урдун (4 овоз), Жером Шампан (4 овоз) собиқ дабири кулли ФИФА ва Токио Сексвале аз Африқои ҷанубӣ рақобат карданд.
Дар интихоботи ғайринавбати президенти ФИФА намояндагони 207 кишвар иштирок карда Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Хуршед Мирзоев муовини президенти ФФТ намояндагӣ мекард.
Интихоботи ғайринавбатии ФИФА дар пайи ошкор гардидани фасод дар ин созмонӣ варзишӣ ва барканории собиқ президенти он Зепп Балаттер, ки аз соли 1998 дар ин курсӣ менишаст, баргузор гардид.
Инфантинии 45-сола дар пайи пирӯзӣ изҳор дошт, ки ин мақомро қабул мекунад: “Мо имиҷи ФИФА-ро барқарор мекунем ва бо он фахр хоҳем кард”.
Зепп Блаттер низ Инфантиниро вориси арзанда хонда, афзудааст, ки ӯ тамоми сифатҳоро барои пешбурди кори ФИФА дорад: “Тамоми сифатҳо барои ба эътидол овардани кори ФИФА баъди қазияи марбут ба фасодро дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |