Қарор алайҳи дурӯғ: Усули нави ҳукумат барои ҳисоби ҷойҳои нави корӣ

Ҳукумати Тоҷикистон барои шаффофият ва ҳисоби дақиқи ҷойҳои кории наву барқароршуда усули нави ҳисобукитобро қабул кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта, қарореро имзо намуд, ки тибқи он мақомоти андоз низ ба раванди ҳисоби ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби шахсони инфиродӣ ворид мешаванд. Бар асоси ин қарори ҳукумат, шахсони инфиродӣ дар Тоҷикистон уҳдадор мешаванд, ки дар мавриди ташкили ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда ба ҷамоатҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ ҳисобот пешниҳод кунанд: “Ҳисоботдиҳӣ дар мавриди ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда дар шаҳрҳои калон, монанди Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва дигарон тариқи мақомоти андоз амалӣ карда мешавад”.
Ҳукумат мақомоти андозро муваззаф кардааст, ки дар мавриди ҷойҳои нави корӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимият ҳисобот пешниҳод намояд.
Қарори ҳукумат дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносон то ҳол ҳисобҳои омориро дар мавриди ташкили ҷойҳои нави корӣ дар кишвар мавриди шубҳа қарор медоданд.
Ахиран Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни ҷаласаи парлумон даъват намуд, ки ба масъалаи ташкили ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад, зеро ба гуфтаи ӯ агар ҳамаи ҳисоботҳо дар мавриди ҷойҳои нави корӣ воқеӣ мебуданд, муҳоҷирон баргашта дар Ватан кор мекарданд.
Тибқи иттилои расмӣ соли 2015 дар кишвар беш аз 205 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудаст. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ба парлумон изҳор дошт, ки дар доираи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017” қабул гардид, ки бояд дар асоси он беш аз 300 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |