Муоинаи тиббии наздики 200 хизматчии давлатии Суғд
Тайи се рӯзи ахир хизматчиёни давлатии вилояти Суғд аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Салом Ваҳҳобов, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд дар суҳбат ба хабаргузории "Озодагон" гуфт, сар аз рӯзи чаҳоршанбеи 24 феврал наздики 200 хизматчии давлатиро аз муоинаи тиббӣ гузарондаанд. Ӯ ҳадафи ин иқдомро "ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо" хонда, афзуд, муоинаи тиббии хизиматчиёни давлатӣ бахшида ба соли "Фарди солим", ки аз сӯйи раиси вилоят -- Абдураҳмон Қодирӣ эълон гардид, роҳандозӣ шудааст: "Чунин муоинаи тиббӣ дар солҳои пеш вуҷуд дошт, аммо ҷиддӣ ба роҳ монда нашуда буд ва бахшида ба соли "Фарди солим" тасмим гирифтем, онро ҷиддан роҳандозӣ намоем".
Сардори Раёсати тандурустӣ вилоят мегӯяд, хизматчиёни давлатии шаҳру навоҳии Суғд ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳам муоина хоҳанд шуд: "Баъдан, корхонаву муассисаҳои давлатӣ, кӯдакистону дабистон, донишгоҳҳо ва сипас, навбат ба шаҳрвандон мерасад".
Салом Ваҳҳобов гуфт, ҳамаи ин муоинаи тиббии оммавӣ ройгон мебошад: "Дар сурате, ки ягон нафар аз хизматчиёни давлатӣ бемор бошанд, онҳоро зери назорат гирифта мешаванд".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |