Зани дуюми Ҳалимов бо 4 кӯдакаш ба Сурия рафтаст
Манобеи “Озодагон” сафари Ҳумайро Мирова, собиқ сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳамсари дуюми Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-ро ба Сурия, тасдиқ карданд.
Манбаи “Озодагон” гуфт, ҳамсари Ҳалимов ҳамроҳи кӯдакҳояш ба Сурия рафтааст: "Феълан ҷузъиёти қазия барои ман маълум нест".
Аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон имрӯз, 26 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки Ҳумайро Мирова ҳашт моҳ пеш барои таваллуди кӯдак ба рухсатӣ баромадаст: “Дар мавриди сафараш ба Сурия иттилоъ надорем”.
Ҳумайро Мирова, қабл аз омадан ба Хадамоти гумрук дар бахши дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кор мекард ва ҳангоми кор дар ин ниҳод бо Гулмурод Ҳалимов шинос шуда, издивоҷ намудаст. Ӯ аз шавҳари аввал як фарзанд доштааст ва дар давоми солҳои зиндагӣ бо Гулмурод Ҳалимов соҳиби се фарзанди дигар шудаст. Дар пайи пайвастани Ҳалимов ба "Давлати исломӣ" Мирова зимни бозпурсиҳо Гулмурод Ҳалимовро мусбат тавсиф карда, изҳори боварӣ кардааст, ки шавҳараш ҳатман бармегардад.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аввали соли равон изҳор дошт, ки 992 тоҷикистонӣ феълан ба сафи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Вазир дар мавриди Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки соли гузашта ба “Давлати исломӣ” пайваст, иттилоъ дод, ки ду бор захмӣ шуда, феълан дар ҳолати вазнин қарор дорад. Вазири умури дохилӣ гуфт, феълан барои Гулмурод Ҳалимов 100 доллари амрикоӣ нафақаи маъюбӣ таъин шудааст: "Ӯ тақдирашро худаш маълум кард".
Собиқ фармондеҳи “ОМОН” ки 27-уми майи соли 2015 пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |