Шарҳи расмӣ: Чаро Э.Раҳмон дар Данғара Донишгоҳи тиббиро таъсис дод?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 25 феврал қарори ҳукумат дар бораи таъсиси муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро имзо кард.
Дар қарори имзонамудаи раисиҷумҳур омадааст, ки “бино ва иншооти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Данғара», воқеъ дар ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шарифов-3, ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» гузаронида шаванд”.
Ҳукумати Тоҷикистон лимити автомобилҳои хизматӣ барои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро 1 адад муқаррар кардаст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи қарори ҳукумат барои таъсиси Донишгоҳи нави тиббӣ дар Данғара изҳор доштааст, ки норасоии табибони дорои таҳсилоти олии касбӣ, ба хусус дар вилояти Хатлон, ки зиёда аз 3,5 миллион аҳолӣ дорад, яке аз мушкилоти асоситарини ин соҳаи кишвар ба шумор меравад: “Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ҳар сол Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро қариб 1200 нафар мутахассис хатм мекунанд. Аз 100 то 150 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар соҳиби дипломҳои ин соҳа мегарданд, вале ин шумора талаботи рӯзафзуни кишварро ба табибони баландихтисос қонеъ карда наметавонад. Гузашта аз ин, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 2,5% афзоиш меёбад”.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳоло ба ҳар 10 ҳазор сокини Тоҷикистон 21 табиб рост меояд, ки ин хеле каму нокифоя аст: “Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон”-ро дар ин сераҳолитарин вилояти ҷумҳурӣ таъсис диҳад”.
Манбаъ афзуд, заминаи моддию техникӣ барои фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муайяну омода шудааст ва худи ҳамин сол ин муассиса ба қабули донишҷӯён шуруъ хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |