Таҷаммӯъ бо талаби баргардондани Кабириву Атовуллоев ба Хуҷанд кӯчид
Дар назди дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Хуҷанд даҳҳо нафар таҷаммӯъ кардаанд.
Ин афрод, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, 25 феврал бо гирди ҳам омадан назди дафтари САҲА баргардонидани Муҳиддин Кабириву Додоҷон Атовуллоевро талаб кардаанд. Дар аксу видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, гирдиҳамомадаҳо худро “Созандагони Ватан” муаррифӣ карда, шиорҳое монанди “Мо бо пешвои миллат”, "Кабирӣ хоини миллат”, "ҲНИТ ҳизби террористӣ” сар медиҳанд.
Гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд, маркази маъмурии Суғд дар ҳолест, ки қаблан гуруҳе аз ҷавонон назди сафоратхонаҳои ИМА, Бритониё, Олмон, Туркия ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе таҷаммӯъ ва баргардондани Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷон Атовуллоев ва Абдумалик Абдуллоҷоновро талаб карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |