Тағйироти кадрӣ: Аз тағйири ректорҳо то раисони нави навоҳӣ
Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Сулаймонзода Акрам Раҳимро аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Акрам Сулаймонзода бо фармони дигари Президент иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин гардидааст. Ба иттилои манбаъ, Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин шудааст.
Раиси акнун собиқи ноҳияи Спитамен -- Хоҷазода Ориф Ашурӣ дар мувофиқа бо Президент дар курсии муовини раиси вилояти Суғд такя задааст.
Манбаъ мегӯяд, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Убайдулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ректор таъин гардид.
“Дар асоси қарори дигари Ҳукумати кишвар бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” таъсис ёфта, Қурбон Убайдулло Абдулло ректори он таъин карда шуд”,-меафзояд дафтари матбуоти Президент.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |