ШАРҲИ ҲОЛСайдамир Зуҳуров соли 1951 дар ноҳияи Фархор таваллуд шуда, солҳои 1969-1971 дар вилояти Запорожеи Украина хизмати аскариро адо кардааст. Баъди хатми Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко дар соли 1975 фаъолияти худро ба ҳайси муаллими фанни таърих дар ноҳияи Фархор шурӯъ кардааст.
Соли 1977 ба Мактаби КГБ-и ИҶШС дар шаҳри Минск шомил гардида, онро бомуваффақият карда, корро дар Раёсати амнияти вилояти Кӯлоб идома медиҳад.
Солҳои 1981 -1982 шунавандаи Курсҳои забони форсии Институти Байрақи сурхдори КГБ ИҶШС буд. Баъди хатми ин мактаб ӯ бо супоришҳои вижа ба Афғонистон фиристода мешавад. Ибтидои солҳои 90 -ум ӯро муовини раиси ниҳоди амниятӣ дар вилояти Кӯлоб таъин мекунанд.
Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ Сайдамир Зуҳуров раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Солҳои 1996-1997 дар вазифаи вазири умури дохила кор карда, сипас ба вазифаи қаблиаш, яъне вазири амният баргашт.
Соли 1999 С. Зуҳуров муовини сарвазир шуд ва дар тӯли 6 соли оянда дар ин вазифа кор кард. Пас аз хурӯҷи нирӯҳои марзбонии Русия аз Тоҷикистон роҳбарии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ба ӯҳдаи ӯ гузошта шуд. Аз моҳи декабри соли 2006 то ибтидои соли 2016 ӯ сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон кор кард. Рутбаи С. Зуҳуров генерал-полковник буда, соли 2013 бо ордени “Спитамен”-и дараҷаи аввал мукофотонида шудааст.