Дастури Э.Раҳмон барои 3 баробар зиёд кардани содироти меваю сабзавот ба Русия (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур дод, ки содироти меваю сабзавот ба Русия имсол 1,5 баробар ва соли оянда 3 баробар зиёд карда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ин нуктаро имрӯз, 25 феврал зимни иштирок дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҳисор таъкид кард.
Ба иттилои манбаъ зиёд намудани содирот ба Русия вақтҳои охир ба яке аз супоришҳои меҳварии раисиҷумҳури Тоҷикистон табдил ёфтааст, ки рӯзи 24 феврал дар мулоқот бо сокинони вилояти Хатлон низ садо дод.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари имрӯзааш ба Ҳисор таъкид намудаст, ки “имрӯз муҳимтарин шарики стратегии мо – Федератсияи Русия ба афзун гардидани воридоти меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон манфиатдор аст ва ин ба манфиати мо низ ҳаст”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар кишвар заминаи зарурӣ барои афзун намудани истеҳсоли меваю сабзавот ва содироти он ба хориҷи кишвар муҳайё аст: “Тайи солҳои охир дар майдони беш аз 75 ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфт ва тайи солҳои 2016-2020 дар майдони беш аз 20 ҳазор гектари дигар боғу токзори нав бунёд меёбанд”.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикичтон чунин нақшаҳои калонмиқёс дар бахши сабзавоткорӣ, аз ҷумла парвариши сабзавоти барвақтӣ, амалӣ мешаванд: “Имсол танҳо пиёзи барвақтӣ бояд дар ҳаҷми беш аз 200 ҳазор тонна аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия содир карда шавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |