Академик Раҳим Масов, раҳбари пешини Пажуҳишгоҳи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби ҳаққи қалами осор ва мукофотҳои дар озмунҳои байналмилалӣ ба дастовардааш дар ҳаҷми ним миллион сомонӣ тасмим гирифта, дар ноҳияи Ванҷ мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ бисозад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки иқдоме мисли тасмими Масов дар ҷомеаи мо нодир аст, “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: ОЁ ИҚДОМИ МАСОВ ПАЙРАВ ПАЙДО МЕКУНАД?
Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар
Барои сохтани мактаб шарт нест, ки аз касе пайравӣ кунӣ. Хоҳиш ва ҳиммат дошта бошӣ, бе пайравӣ аз Масов ҳам сохтан мегирӣ. Дар гумон аст, ки нафаре байни мансабдорону пулдорон (дар аксари вақт ин ду якеанд) пайдо шавад, ки аз Масов ибрат гирад. Аммо дар ин замони буҳрон, ки ҳукумат имконияти сохтани мактабҳои навро надорад ва чанд соли дигар ҳам нахоҳад дошт, баъид нест, ки кори академик Раҳим Масов идеяи хубе ба мақомот диҳад ва чанд нафарро аз ӯ “пайравӣ кунонанд”.
Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос
Мо орзу мекунем ва умедворем, ки дигарон ҳам аз ин гуна иқдомот пайравӣ кунанд. Мо миллионерҳое дорем, ки на як, балки даҳҳо мактаб сохта дар чунин вазъи мушкил кишварро обод карда метавонанд. Аммо Масов дигару он пулдорҳо дигаранд. Раҳим Масов худ парвардаи ҳамин гуна як мактабе буд, ки ба пулу мол ҳарис набуданд. Ин тоифа ҳоло кам монда ва онҳо сарват надоранд. Вале сарватмандони имрӯз парвардаи мактаби дигаранд ва гумон аст пайравӣ кунанд. Ҳарчанд гуфтаанд, ки “ҳар беша гумон мабар, ки холист...”
Агар таваҷҷуҳ карда бошед, бузургтарин сарватмандони олам афроди дасткушоду саховатпешаанд. Онҳо талош мекунанд аз худ номи нек монанд ва калонтарин барномаҳои хайрияро сармоягузорӣ мекунанд, мактабҳо месозанд, дармонгоҳҳо, бемористонҳо бунёд мекунанд. Ҳоло ки академик Масов даст ба чунин иқдоми ҷавонмардона зад ва агар ин ҳамаҷониба ташвиқ шавад, бахусус аз шабакаҳои ТВ давлатӣ ва Пешвои миллат бо як ҷумла аз он тамҷид кунад, сафи ин гуна афрод
меафзояд.
Фаррух САЛИМОВ, муовини декани факултаи равобити байналмилалии ДМТ
Дар хусуси иқдоми Масов, чӣ гӯям? Дар ҷомеаи мо фаъолияти эҳсонкорӣ он тарзе ки дар давлатҳои муосир ба назар мерасанд, нест. Албатта ангуштшуморанд онҳое, ки метавонанд ба чунин корҳои хайр даст зананд, лекин хамонҳо низ аксаран аз чунин корҳо пайравӣ намекунанд. Сабабҳо гуногунанд:
1) Надоштани чунин маданият (новобаста ба он ки мо ҳама мусулмонему шарқӣ, лекин дур аз чунин мафкур)
2. Набудани ҳавасмандгардонии чунин аъмол аз ҷониби давлат ва ё дигар институтҳои иҷтимоӣ;
3. Нобоварӣ ба оянда;
4. Тарс аз он ки шахси эҳсонкор зери фишори мақомоти давлатӣ қарор мегирад;
Лекин боварӣ дорам, ки дар ҷомеаи мо теъдоди шахсоне, ки мехоҳанд ба кори хайр даст зананд, хеле зиёданд. Масов исбот намуд, ки чунин ҳам ҳаст.
Қиёмиддин САТТОРӢ, журналисти мустақил
Аввалан ман намедонам, ки устод Р. Масов ин қадар маблағро аз куҷо пайдо кардааст. Баъдан мо пулдорони зиёд дорем, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар, вале мо навкиса ҳастем ва ба мисли бародарон Третяков метсенат нашудаем. Вагарна осори ҳунари рассомии асри моро як нафар зани рус бо номи Юлия ҷамъоварӣ намекард ва ба маърази намоиш намегузошт.
Абдулқодир АЛАВӢ, донишманди тоҷик
Агар масабдорон ин корро мекарданд, устод Масов аз пайи ин корҳо намешуд, чун бидид умеде намондааст, худаш ба ин кор даст зад. Магар ба мансабдорон ҳанӯз умеде монда? Инро шумо аз ман хубтару беҳтар медонед, чун шумо ба онҳо наздиктар ҳастед.