Бахшҳо

Мансаби Шоҳрух Саидов, писари А.Ғоиб дар ВКД

Шоҳрух Саидов, президенти 29-солаи бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе ва писари Абдуфаттоҳи Ғоиб -- раиси Хадамоти гумрук, дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мансаб гирифтааст.

Манобеи "Озодагон" аз Вазорати умури дохилӣ имрӯз, 25 феврал тасдиқ карданд, ки Шоҳрух Саидов як ҳафта қабл муовини сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъин шудааст. Ба иттилои манбаъ, оқои Саидов дар гузашта дар мақомоти умури дохилӣ кор накардааст. Мусоҳиби "Озодагон" илова намуд, ки ноиби навтаъини сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ рутбаи майори милисаро дорад.

Шоҳрух Саидов аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, сардори Оҷонсии зидди фасод муаррифӣ мешавад. Худи ӯ дар гузашта тасдиқ карда буд, ки бо Рустами Эмомалӣ дӯст буда, ҳатто дар як мактаб таҳсил кардаанд. Ӯ таъкид намуда буд, дӯстӣ бо Рустами Эмомалӣ масъулияти калон аст. Шоҳрух Саидов ва Рустами Эмомалӣ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон низ ҳамкор буда, дувумӣ президент ва аввалӣ узви Кумитаи иҷроия ФФТ-анд. Ҷаноби Саидов фориғутаҳсили факултаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.



Дар акс: Шоҳрух Саидов ва Рустами Эмомалӣ
Мӯҳр
табрик
Акаи Шоҳрух дар ҳақиқат арзанда аст бисёр як шахси хоксор

сугди
Билети харбиш бошад !!!???

Вокеан хам арзанда хаст, ягон сахмаш дар чомеа расидаги бошад

ном
Мисли падараш хоксор бошад

Хайрон
ЭЙ ВОЙ АЗ ИН КИСМАТИ ПУР АЗ КАМУ КОСТ.................

Ман чун як узви ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтаниам, ки Шоҳрух Саидов дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна вазифаҳои давлатӣ ва гайри давлатӣ мебошад, зеро ин шахс дар рушди варзиш ва дигар самтҳои афзалиятноки кишвар хизматҳои арзанда кардааст.

Точик
Ватандор
Атащ чи хел хоксорай ,худаш чи кахрамони е хизмат кай ба и ватан ва ба ин халк ба гайр аз маишат званиаш майор камбагал бачо хамин кадар нооромихода хизмат мекунан хеч кас ба кадрашон намерасад

xoзир давраи онхост ман хам бошам рафикои худма бесавод хам бошан вазир мемонам я кас гап занаду рузша бинад

nabi farhor
Барои мо ки будани вай фарк надорад.Барои мо саводи у лозим то ин,ки аз ухдаи ин кадар вазифаи вазнин мебаромада бошанд ё на.Барори кор ба хамаи чавонони мансабдорони точик.Худованд адлу инсофашон ро зиёда гардонад.

Варзишгар
Муборак бошад! Ана инхел одамон хоксору самими ва заминиро ба хамин гуна вазифахо таин кардан лозим аст, рости ман бо у хеч иртиботе надорам вале аз хамкори бо ФФт ва клуби Истиклол мушохида кардаам, ки у вокеан ахм инсони комил аст!

Дар бисер кишвархои хоричи мегардем вакте ки сухан оиди вазъи Точикистон, тагйиротхои кадри ва тагйиротхои меъерхои хукуки меравад, шарм медорем! Хама моро механданд! Ое чунин шахс сазовори ин вазифа аст? Шумо фикри беш аз 8 хазор кормандони милисаро кардед ?

ачаб барои кадом кораш рутбаи майор гирифтааст??? оё каблан дар ягон сохтори низоми кор кардааст???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)