Ҳимояти Э.Раҳмон аз табдили “Питовдашт” ба “Раҳмонобод”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз “Раҳмонобод” ном гирифтани деҳаи навбунёд дар ҷамаоти “Сучон”-и ноҳияи Шуғнон ҷонибдорӣ кардааст.
Тибқи қарори ҳукумат, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” шуд, Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои “Раҳмонобод” ном гирифтани деҳаи навбунёд дар ҷамоати Сучон ҳимоят намудааст.
Қарори ҳукумат дар ин бора 9-уми феврали соли равон имзо шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Тоҷикистон ирсол гардидаст.
Деҳаи нав дар мавзӯи Питовдашт баъди фаромадани сел дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон бунёд гардид. Дар ин мавзеъ беш аз 80 хоҷагии осебдида соҳиби хонаи нав шуданд. Сокинони деҳаи навбунёд пешниҳод карданд, ки бо нишони сипос аз Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмакҳо, деҳаашон “Раҳмонобод” номгузорӣ шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |