Таъмини амнияти корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон мавзӯи суҳбати Раҳимзода ва Шенкун
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва Го Шенкун, вазири бехатарии ҷамъиятии Чин масъалаи таъмини амнияти корхонаҳои ин кишвар дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, дар мулоқоти Раҳимзода ва Шенкун, ки субҳи имрӯз, 25 феврал сурат гирифт, генерали тоҷик изҳор доштааст, Тоҷикистон барои таҳкими бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва густариши самтҳои гуногунҷабҳа ҳамеша омода аст. Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкориҳо дар самти мубориза алайҳи террроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ табодули афкор намудаанд: “Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини бехатарии корхонаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, расонидани кӯмак барои сохтмони бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Маркази муштараки зиддитеррористии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”.
Ба иттилои манбаъ, Го Шенкун қайд намудааст, ки Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди дуҷониба ҳамеша омодааст ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кӯмаки худро расонад. ВУД меафзояд, Го Шенкун изҳори боварӣ намудааст, ки Вазорати бехатарии ҷамъиятии кишвараш дар ҳамкорӣ бо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як қатор масоили мубрами рӯз, аз ҷумла, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллиро рафъ хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |