4 шаҳрванди Тоҷикистон, ки доғи судӣ доштанд, 8 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуданд
Вазорати адлияи Русия бо як қарор чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳашт соли оянда аз ҳаққи вуруд ба қаламрави ин кишвар маҳрум кардааст.
Евгений Невзоров, намояндаи Раёсати хадамоти федеролии муҳоҷират дар вилояти Кемеров гуфтааст, ин афрод қаблан бо ҷурмҳои муомилоти маводи мухаддир, куштор ва дуздӣ суд шудаанд. Ба иттилои ӯ, яке аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 36 сол дорад, бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Куйбишеви Новокузнетск ва дигарӣ, ки 26-сола аст, бо ҳукми суди ноҳияи Балашихини Маскав барои муомилоти маводи нашъадор се солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд. “Як тоҷики 39-солаи дигар бо иттиҳоми куштор нуҳ сол дар Белов зиндонӣ буд. Шаҳрванди дигари Тоҷикистон баъди он аз Русия ихроҷ шуд, ки барои дуздӣ 2,5 солро дар зиндон сипарӣ кард”,-гуфтааст Евгений Невзоров.
Ба гуфтаи ин намояндаи Раёсати хадамоти федеролии муҳоҷират дар вилояти Кемеров, ин афрод дар ҳалқаи кормандони пулис тавассути фурудгоҳи “Толмачево” ба Ватан депорт шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |