Сокинони Нуробод: Чарогоҳҳои моро баргардонед!
Як гуруҳ аз сокинони рустои Шашволони ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод мегӯянд, масъулини ноҳия 1500 га замини чарогоҳашонро бидуни ризоияти онҳо ба ихтиёри Тақдир Исмоилов, раҳбари ҶДММ “Мадад” гузоштаанд.
Ба қавли онҳо, ин заминҳо ба Хоҷагии деҳқонии Пунбачӣ, ки саҳҳомаш ҳастанд, тааалуқ дошт ва мебоист ҳангоми ба ихтиёри Исмоилов вогузор шуданашон ҳарфи онҳо низ шунида шавад. Сайвоҳид Ғаюров, сокини деҳаи Шашволони ҷамоати Комсомолобод имрӯз, 24 феврал ба “Озодагон” гуфт, Тақдир Исмоилов соли 2007 замини чарогоҳи чорвои онҳоро ҳуҷҷат карда, соҳиб шудааст: “Мо намедонем, ки чорвои худро ба куҷо чаро барем. Исмоилов ба касе иҷозат намедиҳад, ки чорвояшро бичаронад. Барои иҷозат пули калон талаб мекунад”.
Чанде аз сокинони рустои Шашволон мегӯянд, дар ин робита чандин бор ба раиси ноҳияи Нуробод ва ҳатто Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, вале ҳанӯз мушкилашон ҳал нашудааст. Оятулло Додаров, яке аз бошандагони ин деҳа дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз Дастгоҳи раисиҷумҳур ба муроҷиати дастаҷамъии онҳо посух доданд, ки ин масъаларо раҳбарияти ноҳия дида барояд, “вале мушкили чарогоҳ ҳалли худро наёфт”.
Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, соли 2007 бо қарори раиси вақти ноҳияи Нуробод замини чарогоҳ бе протоколи розигии халқ ҳуҷҷат карда шуда, ба ҶДММ “Мадад” дода шудаст: “Мувофиқи қонун бояд протокол тартиб медоданд ва мо дар он имзо мегузоштем. Аз вақте ки Тақдир Исмоилов заминҳои чарогоҳи моро соҳиб шудааст, чорвои худро ба ноҳияи Тавилдара ва дигар гӯшаҳои дурдасти ноҳия мебарем, ки роҳ хеле дур аст. Агар чорворо ба заминҳои чарогоҳи пешинамон, ки ҳоло дар ихтиёри Тақдир Исмоилов аст, барем, сари ҳар чорвои майдаи шохдор 12 сомонӣ мегирад”.
Оятулло Додаров мегӯяд, чанд маротиба барои ҳалли мушкил ба Сиёмарзода Сайдамир, раиси пешини Нуробод муроҷиат карданд, аммо чун дархостҳояшон бепосух монд, бо аризаи дастаҷамъона аз Президент кумак хостанд: “Вақте ҷавоби муроҷиати мо аз Дастгоҳи президент ба ҳукумати ноҳия рафт, Сиёмарзодаро аз вазифа гирифта буданд ва Дӯстзода Ҳасан раиси ноҳия буд. Такроран ба раиси нав муроҷиат кардем. Ӯ гуфт, ки шумо аз ин замин даст кашидаед ва ин масъаларо бояд барвақт ҳал мекардед. Дубора ба Президент муроҷиат кардем. Ин навбат ҳам ҷавоб омад, ки раиси ноҳия ва раиси Кумитаи замин масъаларо баррасӣ карда, аз натиҷааш ба муаллифони муроҷиатнома маълумоти муфассал бидиҳанд. Лекин ба истиснои ду ҷумла ягон маълумоти муфассал ба мо надоданд. Танҳо ҷавоб доданд, ки аризаи шуморо, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ирсол гардида буд, дида баромадем ва метавонед ба Кумитаи замини Нуробод муроҷиат кунед. Аммо дар он ниҳод гуфтанд, ки ин заминҳои Тақдир Исмоилов аст, ки ҳуҷҷат шудаанд. Лекин мо даъво дорем, ки агар ҳуҷҷат шуда бошад, қарори маҷлиси аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ куҷост?”.
Маҳмадулло Тоиров, муовини раиси ноҳияи Нурообод имрӯз, 24 феврал дар суҳбат ба “Озодагон” тасдиқ кард, ки баҳси замини чарогоҳ аз соли 2007, яъне, 9 сол боз идома дорад. Ӯ гуфт, дар пайи аризаву муроҷиатҳои сокинон, қисмате аз заминҳои дар ихтиёри ҶДММ “Мадад” буда, ба сокинони деҳаи Шашволони ҷамоати Комсомолобод дода шуд: “Лекин боз онҳо розӣ нестанд. Вақти ҷудо кардани замин ҳамаи ин одамон ҳузур доштанд, аммо ҳоло даъво доранд, ки аз дигар ҷойи ҳамин 1500 гектар барояшон замин ҷудо кунем”.
Аммо сокинони деҳаи Шашволони ҷамоати Комсомолобод мегӯянд, дар заминие, ки барояшон ҷудо шуд, чаронидани чорво ғайриимкон аст. Онҳо талаб доранд, маҳз заминҳое ба ихтиёрашон гузошта шавад, ки қаблан чарогоҳашон буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |