Гуфтушунид барои 500 млн $ ва таъкиди Нуралиев: Вазъро муътадил кардем...
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аз эҳтимоли ҷалби 500 миллион доллар қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор хабар додаст.
Financial Times, нашрияи маъруфи ҷаҳонӣ навиштааст, ки феълан яке аз камбағалтарин кишварҳои ҷаҳон –Тоҷикистон, барои ҷуброни таъсири манфии рукуди иқтисодии Русия бо ХБА дар мавриди барномаи дастгирии соҳаи молиявии худ гуфтушунид дорад.
Нуралиев дар суҳбат бо ин нашрия изҳор доштааст, ки ихтисоси 500 миллион доллар қарз аз ҷониби ХБА саривақтӣ мебуд, вале феълан ҳукумат расман барои кӯмакхоҳӣ аз ХБА тасмими ниҳоӣ нагирифтааст: “Мо бо ин Бунёд дар гуфтушунид қарор дорем”.
Financial Times бо зикри пойбандии Тоҷикистон ба маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия, коҳиши 65 дарсадии интиқоли маблағ бо ҳисоби доллар аз хориҷ ва 10 фоиз кам шудани даромади хоҷагиҳо дар Тоҷикистон, афзудаст, ки қурби сомонӣ нисбати доллар тайи соли гузашта 31 дарсад поин рафтаст.
Ҷамолиддин Нуралиев ин вазъро замони буҳронӣ баҳогузорӣ карда, изҳор доштааст, ки феълан Тоҷикистон барои ҷалби қарз бо созмонҳои молиявии дигар низ гуфтушунид дорад: “Аз ҷумла Бонки осиёӣ ихтисоси 60 миллион долларро моҳи декабр тасдиқ кард ва айни ҳол гуфтушунид барои ҷалби 30 миллион доллар аз Бонки умумиҷаҳонӣ ва 20 миллион доллар аз Бунёди АвруОсиё идома дорад”.
Financial Times аз қавли манобеяш, ки аз ҷараёни гуфтушуниди Тоҷикистону ХБА огоҳанд, иттилоъ додааст, ки эҳтимолан ХБА ба ивази кӯмакаш аз ҳукумати Тоҷикистон қатъи назорати маъмурии бозори нақд ва ислоҳот дар соҳаи бонкию ширкатҳои давлатиро талаб хоҳад кард: “Ҳаҷми қарзи эҳтимолии ХБА ба Тоҷикистон низ ба таври назаррас камтар аз 500 миллион доллар хоҳад буд”.
Дар идома нашрияи маъруфи ҷаҳонӣ аз чораҳои маъмурии мақомоти тоҷик-бастани саррофиҳои шахсӣ ва додани сомонӣ ба мардум ба ҷои рубли интиқолёфта зикр кардааст.
Аммо Ҷамолиддин Нуралиев пайомади манфии ин иқдомро рад карда, бо нишон додани қурби асъор дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон, таъкид намудааст, ки Бонки милллӣ тавонист вазъ дар бозори нақдро муътадил кунад.
Financial Times афзудааст, ки бо вуҷуди таъкидҳои Нуралиев маҳдудиятҳо дар бозори асъор ба низоми бонкии Тоҷикистон зарба задааст. Як бонкдори воломақоми Тоҷикистон, бидуни овардани номаш ба Financial Times изҳор доштааст, ки иқдоми Бонки Миллӣ зарба бонкҳои кишвар мебошад: “Мардум дигар ба ҷои интиқоли пул тариқи бонкҳо, дар худи Русия молу ашё мехаранду бо худ ба Тоҷикистон меоранд”.
Ин иттилоъ дар ҳолест, ки қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон аз гуфтушунид бо Бонки давлатии рушди Чин дар мавриди ҷудо намудани 500 миллион доллар қарз хабар дода буд. Ҷамолиддин Нуралиев бартарияти ҷалби қарзҳо аз Чинро дар он арзёбӣ кард, ки бархилофи созмонҳои молиявии байналмилалӣ Чин шартҳои зиёдеро ба миён намегузорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |