Туҳфаи генерал Назарзода ба Алимов барои наҷоти ҷавонзан аз худкушӣ (АКСУ ВИДЕО)
Генерал Рустам Назарзода, сардори навтаъини Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, барои наҷоти ҷони одам, Бахтиёр Алимов, корманди Маркази тадқиқоти журналистиро бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ кардааст.
Тавре аз Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, маросими супоридани туҳфаи хотиравӣ, имрӯз, 23-юми феврал дар бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи Озод” баргузор шудаст.
Полковник Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, зимни тақдими оинаи нилгуни хотиравӣ ба Алимов, аз ҷасорат ва мардонагии ӯ тавсиф намудаст, ки худро дар сардии зимистон ба дарё андохта, ҷавонзанеро аз худкушӣ наҷот дод.
Қасди худкушии ҷавонзани тоҷик, ки хонаводааш нахостанд, номаш дар расонаҳо ифшо шавад, 2 феврали соли равон сурат гирифт. Ӯ дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ, дар назди бинои “Шарқи Озод” худро ба дарёи Душанбе андохт, вале муҳосиби МТЖТ, ки тасодуфан шоҳиди ҳодиса шудаст, ӯро наҷот додаст. Видеои қасди худкушӣ:Лаҳзаи наҷот:Маросими қадрдонӣ:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |