Бонки миллӣ: Пасандоз дар бонкҳо 43% зиёд шуд
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 23 феврал аз афзоиши пасандозҳои мардум дар ташкилотҳои қарзии кишвар хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, “суръати баланди зиёдшавии бақияи умумии пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат дар нахустин моҳи соли ҷорӣ баръало ба назар мерасад”.
Манбаъ мегӯяд, бақияи пасандозҳо дар охири моҳи январи соли равон 9 492,5 миллон сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,0 фоиз афзуд: “Агар ба таркиби бақияи пасандозҳо назар андозем, маълум мегардад, ки 39,3 фоиз ё 3 726,9 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 60,7 фоиз ё 5 765,6 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд”.
Ба иттилои Бонки миллӣ, фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳи сипаришуда бо пули миллӣ 16,90 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 10,61 фоизи солонаро ташкил намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |