Бахшҳо
23 фев 2016 08:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баъди танқиди Убайдуллоев: Чойи хушк камчин шудааст (АКС)

Бархе аз савдогарони бозорҳои пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, ба онҳо иҷозаи фурӯши чойи хушкро намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе аз гарон шудани ин маҳсулот нигаронӣ карда буд.

Дар нуқтаҳои фурӯши чаканаи “Бозори деҳқон”-и шаҳри Душанбе чойи хушк камчин аст. Як савдогари ин бозор, ки худро Акрам муаррифӣ кард, дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, ин ҳолат як ҳафта аст, ки давом дорад. Ба қавли ӯ, маъмурияти бозор талаб дорад, ки арзиши чой поин оварда шавад: “Ба мо иҷозат намедиҳанд, мегӯянд, бояд арзиши 1 кг чойи хушк 18 сомониро ташкил диҳад. Вале шахсан ман 1 кг чойро аз Бозори Фаровон бо арзиши 28 сомонӣ харидаам ва наметавонам онро аз нархи харидаам арзон фурӯшам, зарар мебинам. Ҳоло чойҳои қоқи харидаам дар хона истодааст”.

Савдогарон мегӯянд, масъулини бозор ба ҳамаи онҳое, ки ба фурӯши чойи хушк машғуланд, дастур дода, ҳатто чойҳои дар бастаҳо бударо ҳисоб кунанд ва агар як килои он аз 18 сомонӣ бештар шавад, фурӯши онро манъ мекунанд. “Як кило чойи хушки “Сулаймон” 50 сомонӣ мешавад. Ширкатҳое, ки аз Ҳиндустон, Гурҷистон ва дигар кишварҳо чойи хушк меоварданд, ҳоло ин маҳсулотро намеоранд. Дар Бозори Фаровон ҳам, ки бештари савдогарони мо аз онҷо маҳсулот мегиранд, чойи хушк камчин аст. Баъзе фурӯшандаҳо аз ночорӣ чойи хушке, ки қаблан оварда буданд, бо нархи арзон фурӯхта истодаанд, то ин ки вайрон нашаванд”,-изҳор дошт, Акрам.

Баъди танқиди Убайдуллоев: Чойи хушк камчин шудааст (АКС)Аммо масъулини бозор иддао доранд, ки фурӯшандаҳо ба хотири фоидаи бештар худсарона нархи чойи хушкро гарон мекунанд. Мастон Шарипов, муовини раиси “Бозори деҳқон” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бар пояи таҳлилҳои онҳо воридкунандаҳои чойи хушк 1 кг-и онро бо арзиши аз 9 то 13 сомонӣ оварда, ба мардум бо нархи гарон мефурӯшанд: “Касе фурӯхтани чойи хушкро манъ накардааст, танҳо танзим аст. Зеро аз истеҳсолкунанда то воридкунанда 50-60 маротиба нархи чойро қиммат кардаанд. Бо ҳама масрафе, ки фурӯшандаҳо мекунанд, мо ба онҳо иҷозат додем, ба нархи он 15 фоиз илова кунанд. Ба таври мисол, дар як қуттии “Суламон” 100 грамм чой мебошад, мо ҳисоб кардем, ки як килои ин навъи чой 110 сомониро ташкил медиҳад, ки мардум имкони бо ин нарх харидорӣ кардани чойро надорад. Агар мо нархро танзим накунем, фурӯшандаҳо ба хости дилашон кор мекунанд”.

Ҷаноби Шарипов дар мавриди иддаои савдогароне, ки мегӯянд, чои хушкро бо нархи гарон овардаанд ва наметавонанд аз нархи харидаашон арзон бифурӯшанд, гуфт: “Мо ду рӯз ба фурӯшандаҳои чойи хушк фаҳмондем, ки агар онро бо арзиши гарон харида бошанд, бурда супоранд ва маблағи худро бигиранд”.

Раиси Бозори деҳқон мегӯяд, ба маълумоти ӯ, тоҷирони тоҷик қуттии чойро аз Чин ва худи чойро аз дигар кишвар оварда, дар таҳхонаҳои Душанбе онро ҷобаҷо мекунанд: "Мо ин ҳамаро назорат мекунем”.

Тибқи нархнома дар Бозори деҳқон арзиши 1 кг чойи сиёҳ 17-18 ва чойи кабуд 18 сомонӣ муайян шудааст.

Масъалаи камчин шудани чойи хушк дар ҳолест, ки 15 феврал Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз бамаротиб боло рафтани нархи чойи хушк изҳори нигаронӣ карда буд. Ба таъкиди ӯ, “бо сабаби камфаъолиятию беназоратии сохторҳои давлатӣ, ба хусус Раёсати андози шаҳр ва Шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо сӯистифода аз заминаҳои фароҳамовардашуда, ҳолатҳое ошкор шудаанд, ки аз ҷониби бархе аз субъектҳои молинтиқолдиҳанда нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла чойи хушк, бе ягон заминҳои иқтисодӣ ба маротиб боло рафта, боиси поймол шудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон гардидааст”.


Баъди танқиди Убайдуллоев: Чойи хушк камчин шудааст (АКС)

Баъди танқиди Убайдуллоев: Чойи хушк камчин шудааст (АКС)

Баъди танқиди Убайдуллоев: Чойи хушк камчин шудааст (АКС)

Баъди танқиди Убайдуллоев: Чойи хушк камчин шудааст (АКС)

Баъди танқиди Убайдуллоев: Чойи хушк камчин шудааст (АКС)

Баъди танқиди Убайдуллоев: Чойи хушк камчин шудааст (АКС)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)