Туҳфаи Президент ба муносибати 23 феврал: 240 нафар хона гирифтанд (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба муносибати 23 феврал, 23-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон ба хонаводаи 45 афсари Вазорати дифоъ, ки дар маҷмуъ 240 нафарро ташкил медиҳанд, хона тақдим кардааст.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33 - юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бинои 9 ошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиа, ба истифода дод.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки “фармоишгари асосии бунёди ин бинои боҳашамат, ки сохтмонаш соли 2014 оғоз гардида буд, Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҷониби пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012” сохта шудааст”.
Ин бино аз 18 хонаи сеҳуҷрагӣ ва 27 хонаи дуҳуҷрагӣ иборат буда, бо маблағи наздик ба 15 миллионӣ бунёд шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, - зимни шиносоӣ бо шароити зисти манзилҳои истиқоматӣ ба тарҳи лоиҳаи бунёди бино, сифати кори сохтмончиён ва ороишу таҷҳизонидани ҳуҷраҳо бо ашёи лозимаи рӯзгор баҳои арзанда додааст, - навиштааст манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |