Радди истирдоди Худойдодова ба Душанбе ва раҳоияш аз боздоштгоҳи Белорусия

Додгоҳи Белорусия аз истирдоди Шабнам Худойдодова, сокини 30-солаи шаҳри Кӯлоб, ки ба узвият дар созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” муттаҳам мешавад, хаддорӣ карда, ӯро аз боздошт раҳо намудааст. Дар ин бора ҳомиёни ҳуқуқ, ки қаблан ба дифоъ аз Худойдодова садо баланд карданд, хабар додаанд. Ба иттилои онҳо, Шабнам 22 феврал ба озодӣ баромадааст.
Шабнам Худойдодова, муттаҳам дар узвият ба созмони “Гуруҳи 24” 12 июни соли 2015 зимни убури марзи Русия ва Белорусия боздошт шуда, дар боздоштгоҳи шаҳри Брест нигоҳдорӣ мешуд. Аввалин шуда дар бораи ин қазия Надежда Отаева, раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” дар блогаш хабар дода, афзуд, ки Худойдодова, 20-уми декабри соли 1986 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соҳиби як духтарча мебошад. Ба навиштаи Отаева, Шабнам дар интернет алайҳи ҳукумати Тоҷикистон баромад кардааст ва ҷониби Тоҷикистон ӯро аз рӯи моддаи 37-и Кодекси ҷиноӣ, --“ҷавобгарии шарикони ҷиноят” дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст: “Худойдодова 12-уми июн озими Белорусия шудааст, то аз намояндагии СММ оид ба гурезаҳо мақоми паноҳандагӣ дархост кунад”.
Тибқи иттилои раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”, Худойдодова баъди он дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифт, ки Мақсуд Иброҳимов, раҳбари ҳаркати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Русия нопадид ва дар Тоҷикистон пайдо шуд: “Шабнам Худойдодова солҳои охир дар Русия иқомат мекард. Моҳи январи соли 2015 хонаи ӯ дар Тоҷикистон мавриди кофтукоб ва модару дигар наздиконаш бозпурсӣ шудаанд. Ӯ хабар ёфта, ки нақшаи рабудани ӯ аз Русия тарҳрезӣ шудааст ва ба Белорусия рафт, то аз намояндагии СММ мақоми паноҳандагӣ дархост кунад”.
Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” бо зикри қазия хостори ҷилавгирӣ аз истирдоди Худойдодова ба Тоҷикистон шуда буд, зеро ба навиштаи ин созмон дар Ватан ба ӯ барои изҳори ошкорои андеша шиканҷа ва ҳабс то 20 сол таҳдид мекунад: “Ҳукумати Белорусия низ уҳдадориҳои байналмилияшро дар мавриди манъи истирдод ба кишваре, ки ба боздоштшуда шиканҷа таҳдид мекунад, иҷро намояд”.
Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) бо пахши як изҳорот аз мақомоти Белорусия хоста буд, Худойдоваро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Дар изҳороте, ки 2 июли соли 2015 пахш гардид, инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шуда буд, шаҳрвандонашро барои баёни андеша таъқиб накунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |