Бахшҳо
22 фев 2016 15:31Тоҷикистон / Сиёсат

Генерал Рустамзода: Кормандони “УБНОН” боздошт нашудаанд

Генерал-майор Мустафо Рустамзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, (УБНОН) бо нашри як иттилоия боздошти 4 кормандашро дар вилояти Хатлон рад намуд.

Дар изҳороти кӯтоҳе, ки аз қавли генерал Рустамзода, зуҳри имрӯз, 22 феврал дар сомонаи Вазорати умури дохилӣ нашр гардид, омадааст: “Хабари рӯзи 22-юми феврали соли равон дар сомонаҳои интернетӣ пахшшуда оиди он, ки гӯё 4 нафар кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор дастгир гардидаанд, асосӣ воқеӣ надошта, бе ягон далелу асос нашр карда шудаанд”.

Раддияи генерал дар ҳоле нашр шуд, ки манобеи “Озодагон” мегӯянд, 4 корманди раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохилӣ (УБНОН), ки ахиран аз ҷониби кормандони раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ боздошт гардиданд, раҳо шудаанд.

Ба иттилои манбаъ чор корманди “УБНОН”, ки рӯзи шанбеи гузашта, бо 56 кило ҳашиш ва 9 кило героин дар ноҳияи Шӯрообод боздошт гардиданд, баъди муайян шудани асли қазия раҳо шуданд. Мусоҳиби “Озодагон” изҳор дошт, ки боздоштшудаҳо кормандони шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири шаҳри Душанбе будаанд: “Баъди бозпусӣ маълум шудааст, ки ин афрод, на қочоқӣ, балки ҳамчун корманди мақомот, ин миқдор маводи мухаддирро дарёфту мусодира намудаанд. Онҳо санад тартиб дода, маводи мухаддирро мусодира кардаанд. Вазифашонро аз рӯи қонун иҷро кардаанд. Баъди ин ҳар чорашон озод шудаанд”.

Хабари боздошти 4 корманди “УБНОН” субҳи имрӯз, 22 феврал дар расонаҳо нашр гардид. Боздошти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми нашъаҷаллобӣ дар Тоҷикистон қаблан борҳо сурат гирифтааст.

Шерхон Салимзода, раҳбари навтаъини Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аввали соли равон аз боздошти нашъаҷаллобони “пагондор” дар кишвар хабар дод. Ба гуфтаи Салимзода тайи соли 2015 барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 10 корманди Вазорати умури дохилӣ ва мудофиа боздошт гардиданд. Ӯ бо таассуф илова намуд, баъзан масъулине, ки вазифаашон мубориза бо ҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст, худашон ба ин ҷиноятҳо шарик мешаванд.
Мӯҳр
Далер
Э да номи Точикистон бмрум. Лубой намуд, лубой фирка машеники мекнан. 100 кило, 200 кило, фарк надора. Главни тагга боша!!! :)

деҳқон
о ҳазрати генерал ай ида мегуфти ун қопчаи орд буду коргарои ма фотиҳахунӣ мерафтан бовар мекардем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)