Тасмими гирдиҳамоӣ назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Сафорати Туркия

Як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик мегӯянд, зуҳри имрӯз назди бинои намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Сафорати Туркия дар Душанбе гирди ҳам хоҳанд омад.
Аҳмадхӯҷа Давлатов, яке аз ин ҷавонҳо имрӯз, 22 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ин гирдиҳамоӣ ҳудуди 200 нафар иштирок мекунад. Ҳадафи таҷаммӯъро назди намояндагӣ талаби истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва дар назди Сафорати Туркия монеъ шудан ба гирдиҳамоии мухолифони ҳукумат дар Туркия гуфт.
Ахиран, мухолифони ҳукумати Тоҷикистон эълон карданд, дар Туркия як гирдиҳамоии густурдае роҳандозӣ мекунанд. Аҳмадхӯҷа Давлатов мегӯяд, аз Сафорати Туркия дар Душанбе хоҳанд хост, то барои ин эътироз иҷоза надиҳад. Ӯ афзуд, “Туркия дар ин масъала бетаваҷҷуҳӣ карда истодааст. Туркия як давлати ба Тоҷикистон наздик аст, аммо намедонам чаро ин террористон он ҷо ҳастанд. Тасмим дорем, ки аз 150 то 200 нафар ҷамъ шуда, аз Туркия дархост кунем, ки террористонро нагузоранд тазоҳурот кунанд. Ба онҳо иҷозат дода нашавад, балки онҳоро ба Тоҷикистон истирдод кунанд”.
Ин бори аввал нест, ки гуруҳе аз ҷавонони тоҷик назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо гирди ҳам меоянд. Охирон маротиба онҳо ду рӯз қабл онҷо таҷаммӯъ карда буданд. Аҳмадхӯҷа Давлатов мегӯяд, 20 феврал наздики 70 нафар аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе ҷавоби номаи қаблан фиристодаашонро карданд: “Аммо касе аз намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ба назди мо набаромад”.
17 феврал низ ин ҷавонон назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷамъ омаданд. Даъвои онҳо ин буд, ки Аврупо ҷонибдорӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро қатъ ва мухолифонро истирдод кунад.
Дар гузашта ин гуруҳ назди Сафоратҳои Амрикову Олмон дар Душанбе низ таҷаммӯъ карда, хостори истирдоди Додоҷони Атовулло, Абдумалик Абдуллоҷонов ва Муҳиддин Кабирӣ шуда буданд.
Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |