Эълони номи ду номзади Ҳизби ҳоким ба вакилӣ дар парлумон
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон номи ду номзадаш ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагонро эълон кард.
Тавре Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ имрӯз, 22 феврал ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Эмомалӣ Насриддинов, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод шудааст: “Дар ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16 аз ҲХДТ номзадии Алиҷон Саидзода пешниҳод гардид, ки то ҳол раҳбарии дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Зафарободро ба уҳда дошт”.
Усмон Солеҳ афзуд, ки феълан маъракаи таблиғотии номзадҳои Ҳизби ҳоким оғоз гардида, мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор мегардад.
Қаблан Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 10 апрелро рӯзи интихоботи миёндавраӣ дар ду ҳавзаи якмандатӣ эълон карда буд.
Интихоботи миёндавраӣ барои ҷойҳои холимондаи Маҳмадалӣ Ватанзода ва Комилҷон Салимзода дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1 ва Ҷаббор Расулов №16 баргузор мешавад. Оқои Ватанзода ҳоло масъулияти ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи комилҳуқуқи Президент дар Маҷлиси олиро бар уҳда дорад. Ҷаноби Салимзода бошад, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |