Сафорат: Зане, ки лифт сарашро бурид, тоҷикистонӣ будааст
Сафорати Тоҷикистон дар Русия муайян намудааст, ки фарроши фавтида дар тарабхонаи шаҳри Королеви вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Маскав имрӯз, 22 феврал дар суҳбат ба “Озодагон” тасдиқ намуд, ки марҳум Ҳамзаева Муборак Эшбоевна, соли таваллудаш 1977, зодаи ноҳияи Шаҳритус мебошад: “Айни замон Сафорат дар ҳамкорӣ бо Намояндагии муҳоҷирати Тоҷикистон бо хешовандони марҳум алоқаро барқарор намудааст”.
Расонаҳои русӣ хабар доданд, ки шаби 21 феврал лифти борбар дар шаҳри Королеви вилояти Маскав сари як муҳоҷирзанро, ки шаҳрванди Тоҷикистон ё Узбакистон будааст, аз танаш ҷудо кардааст. Бино ба иттилои шоҳидон, ин зан 39 сол дошта, дар тарабхона ба ҳайси фаррош кор мекардааст.
Расонаҳо гуфтаанд, ин зан вақте талош кардааст, аз шахтаи лифт пакети бандмондаи партовро бигирад, механизми лифт фаъол гардида, сарозер шудааст: "Дар натиҷа сари ин зан аз бадан ҷудо шудааст".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |