Аз 1 то 20 сол зиндони панҷ шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир

Додгоҳи шаҳри Душанбе аз эълони ҳукми панҷ аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноӣ, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам мешуданд, хабар медиҳад.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ моҳи ноябри соли сипаришуда хабар дода буд, ки дар пайи як амалиёт дар шаҳри Душанбе беш аз 40 кило “ҳероин” мусодира кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, 14 ноябри соли 2015 кормандони КДАМ дар маҳаллаи “Гипрозем”-и пойтахт аз дохили сабукрави “Мерседерс”, таҳти идораи Баҳром Ҷалолов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе 40 килову 200 грам маводи сахттаъсири “ҳероин” ва 17 адад ҳабҳои психотерапии экстазӣ дарёфт кардаанд: “Тибқи нишондоди ронанда дар бинои сеошёнаи мағозаи Дариён, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз борхалтаи шахсии Почоев Фарҳод, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 990 дона ҳабҳои психотерапии навъи экстазӣ ёфта, мусодира гардид”.
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми таҳқиқи қазия муайян гардид, ки дар ин ҷиноят Раҳмонбердӣ Саидов, Эмомалӣ Гулов, истиқоматкунандаҳои шаҳри Душанбе ва Маъруфҷон Ятимов, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат низ даст доранд.
Зимнан, Додгоҳи шаҳри Душанбе Раҳмонбердӣ Саидовро ба муҳлати 20 сол, Баҳром Ҷалоловро 17 сол, Эмомалӣ Гуловро 16, Фарҳод Почоевро 14 ва Маъруфҷон Ятимовро ба муҳлати як сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Чор нафари аввал муҳлати ҷазоро дар калонияи истилоҳии низомашон сахт ва яки ахир онро дар калонияи низомаш умумӣ пушти сар хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |