Бахшҳо
20 фев 2016 13:37Тоҷикистон / Сиёсат

Қарори нави ҳукумат барои оштии ТАЛКО бо миллиардери рус

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки корхонаи алюмниюми тоҷик-ТАЛКО, дар баробари пардохти беш аз 322 миллион сомонӣ қарзи ширкати “Созидание” дар назди буҷаи давлат, инчунин пардохти андоз аз даромади ин ширкатро низ ба уҳда гирад.

Қарори ҳукумат дар ин бора, ки 2 феврали соли равон имзо шудааст, дар сомонаи Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр гардидаст.

Уҳдадории нав ба дӯши ТАЛКО дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои даст ёфтан ба оштӣ миёни корхонаи алюминиюми тоҷик - ТАЛКО ва ширкатҳои наздик ба “РусАЛ”-и Русия, аввали соли гузашта, тарҳеро тасдиқ кард, ки бар асоси он, 322,3 миллион сомонӣ қарзи андози ширкати “Созидание”-ро дар Тоҷикистон ТАЛКО пардохт мекунад.

Тибқи тағйироти нав ба ин қарор, ки ба созиш миёни ТАЛКО ва корхонаҳои марбут ба РусАЛ-и Олег Дерипаска, миллиардери рус равона шудааст, “ТАЛКО” муваззаф гардид, ки андоз аз даромади “Созидание”-ро низ пардохт кунад.

Ширкати “Созидание”, ки ба Олег Дерипаска марбут дониста мешавад, дар Душанбе меҳмонхонаи “Хайят Реҷенсӣ” ва як маҷмааи соҳибкории “Созидание”-ро дорад.

Қаблан РусАЛ эълон кард, ки дар баҳси додгоҳӣ бо ширкатҳои наздики ТАЛКО ғолиб омадааст, аммо ТАЛКО пардохти 70 миллион доллар ҷуброни нақзи қарордод бо ширкатҳои тобеи РусАЛ-ро ба таъхир андохтааст. Дар маҷмуъ уҳдадориҳои ТАЛКО дар назди ширкатҳои наздики РусАЛ беш аз 200 миллион доллари амрикоӣ ҳисоб шуда буд. РусАЛ ҳушдор дода буд, ки дар сурати таъхири пардохти маблағҳо асрори ТАЛКО, аз ҷумла суратҳисобҳои марбут ба ин корхонаро дар минтақаҳои офшорӣ ошкор хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол охири тобистони соли 2014 Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон низ ширкати “Созидание”-ро муваззаф кард, ба Кумитаи андози кишвар 322 миллион сомонӣ бисупорад. Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, ин пулест, ки дар пайи тафтиши фаъолияти ширкати “Созидание” аз 1 январи соли 2009 то 1 декабри соли 2013 ошкор шудааст.
Мӯҳр
xaйрият ки як ширкати бузург дорем дуто мешуд точикистон аз хисоби карз ба нести мерафт аз хамин талко чи фоида?

Рози нашав рузта бин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)