Шӯрои уламо: Санги мазор бо ном ва санаи вафот боке надорад
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гузоштани санг бо ному насаб ва санаи вафот болои қабрро ҷоиз эълон намуд.
Шӯрои уламо дар посух ба суоли яке аз корбарони сомонаи интернетияш изҳор доштааст, ки агар эҳтиёҷ пайдо шавад, навиштани ному насаб ва санаи вафот рӯи санги қабр боке надорад, то ки асари қабр нест нагардад ва нисбати он иҳонат нашавад: “Гузоштани санги муқаррарӣ ва одӣ мустаҳаб аст, зеро ҳангоме ки Усмон ибни Мазъун (р) – бародари разоъии Расули Худо (с) вафот кард, он Ҳазрат (с) дар сари қабраш санге гузошта, гуфтанд: Ба ҳамин санг қабри бародарамро мешиносам ва ҳар касеро, ки аз хонаводаам вафот кунад, дар назди ӯ дафн мекунам”.
Ин ниҳоди содиркунандаи фатво далел ва сарчашмаи ин изҳороташро- “Раддул-муҳтор”, ҷ. 6, с. 381; Ибни Моҷа, ҷ. 1, с. 498, «Ал-фиқҳу-л-исломӣ ва адиллатуҳу», ҷ. 2, с. 1553, арзёбӣ кардааст.
Дар баробари ин Шӯрои уламо таъкид кардааст, ки дар сари қабр гузоштани санг бо акси соҳибаш ҷоиз нест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |