Падаре, ки духтарашро “сабукпо” гуфт, барои таҷовуз маҳкум шуд
Дар пайи эълони ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон, ки Файзиддин Гадоев, сокини 58-солаи ноҳияи Қубодиёнро ба 30 соли зиндон маҳкум кард, ҷузъиёти нави ин парвандаи пурсарусадо ошкор гардид.
Гадоев, ки моҳи октябри соли гузашта, барои қатли Моҳрухсор, духтари 34-солааш боздошт гардида буд, зимни мурофиаи додгоҳӣ инчунин дар таҷовуз ба номуси духтараш гунаҳкор дониста шуда, ҳафтаи гузашта ба 30-соли зиндон маҳкум гардидаст.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи қатли Моҳрухсор аз дасти падараш ба “Озодагон” иттилоъ дода, буд, ки Файзиддин Гадоев рӯзи 18 октябр, соати 05:50-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш дар пайи муноқиша бо корд 6 маротиба ба аъзои бадани духтари 34-солааш зарба зада, ба ҳалокат расонидааст. Мақомоти тафтишотӣ дар рӯзҳои аввали боздошти Гадоев иттилоъ доданд, ки муттаҳам сабаби даст задан ба ин ҷиноятро ба сабукпоӣ машғул шудани духтараш арзёбӣ кардааст: “Аммо баъдан маълум шуд, ки ӯ худаш низ ба духтараш дастдарозӣ кардааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |