10 рӯзи дигари зимистон ҳам ҳаво гарм хоҳад буд
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, мегӯяд, охирин даҳаи фасли зимистони имсол бидуни барфрезиву сардӣ тамом мешавад.
Фаридун Ахмедов, як масъули ин марказ дар суҳбат ба “Озодагон” имрӯз, 19 феврал гуфт, то охири моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо боло рафта, боришот дар назар нест. Ба итилои манбаъ, “танҳо рӯзҳои 21-22 феврал дар баландкуҳҳо каме барф мерезад. Дар водиҳо ва доманакуҳҳо ҳавои бебориш дар назар аст”.
Ҷамила Байдуллоева, масъули дигари Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон 19 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе эълон карда буд, моҳи март ҳам 1 то 1,5 дараҷа аз меъёри муқаррарӣ гарм хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |