Э.Раҳмон “ЦУМ”-ро ба ихтиёри дастгоҳи Президент гузошт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор кардааст, ки идораи 100 фоизи саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Маркази савдои Тоҷикистон”, собиқ “ЦУМ” ба уҳдаи дастгоҳи Президент гузошта шаванд.
Тибқи қарори ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон, охири ҳафтаи гузашта имзо намуд, ҳаққи идораи 100 фоизи саҳмияҳои Маркази савдои Тоҷикистон ба ихтиёри Раёсати хоҷагидории Дастгоҳи президент гузошта шаванд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастгоҳ ва Кумитаи сармоягузорию идораи амволи давлатиро муваззаф кардааст, ки давоми як моҳ масоили ташкилию ҳуқуқии ин равандро анҷом диҳанд.
Фурӯшгоҳи марказии Душанбе, ки соли 1960 сохта шуда, бо номи "ЦУМ" маъруф буд, 8 декабри соли гузашта, расман ба Маркази савдои Тоҷикистон табдили ном кард. Ин иншоот соли гузашта бо даъвои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки гӯиё солҳои 90-уми асри гузашта нодуруст хусусӣ гардонда шудааст, бо қарори Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дубора ба моликияти давлат баргардонда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |