Муфтиёт 156 ходими динро аз вазифа сабукдӯш кард
Муфтиёти Қазоқистон дар пайи санҷиши имом-хатибон ва ходимони дин 156 нафарро аз вазифа сабукдӯш кардааст.
Серикбой ҳоҷӣ Ораз, муовини муфтии Қазоқистон гуфтааст, дар пайи санҷишу имтиҳони 3032 нафар, 233 кас ноком гардиданд: “Мутобиқи комиссияи аттестатсионӣ 233 ходими дин аз аттестатсия нагузаштанд. Барои онҳо давраҳои бозомӯзӣ таъсис дода мешавад. Аммо 156 нафар аз вазифа сабукдӯш гардиданд”.
Расонаҳои Қазоқистон гуфтаанд, аз ходимони дин асосан тарзи дурусти хондани Қуръон, таърихи па йдоиши равияҳои динӣ, то кадом ҳад огоҳ будан аз зиндагии Муҳаммад (с), имондорӣ, донистани Конститутсия ва қонунҳо дар бораи фаъолиятҳои динӣ ва кодекси меҳнат пурсида шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |