Бахшҳо

БМ додани сомонӣ ба ҷои рублро ба ҷаласаи Президент рабт дод

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, додани сомонӣ ба ҷои рубл дар бонкҳои кишвар дар асоси қарори ҷаласаи кории назди Президент, ки 22 январ баргузор гардид, роҳандозӣ шудааст.

Ин ниҳод дар пайи қарори баҳсбарангезаш, аз 2 феврали соли 2016, ки бар асоси он тамоми ташкилотҳои қарзӣ ба ивази рублҳои интиқолёфта аз хориҷ ба шаҳрвандон сомонӣ пардохт мекунанд, имрӯз, 19 феврал бо нашри як иттилоия шарҳ додаст: “Ин тасмим бо мақсади иҷрои қарорҳои ҷаласаи корӣ дар назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 22 январи соли 2016 ва бо назардошти таъмин намудани мақоми пули миллӣ – сомонӣ ҳамчун воситаи ягонаи муомилоту пардохт дар қаламрави Тоҷикистон, таъмини устувории қурби пули миллӣ ва ба танзим даровардани гардиши асъори хориҷии нақд дар кишвар ба роҳ монда шудааст”.

Ба таъкиди Бонки миллӣ, аз ин ки мардум минбаъд ба ҷои рублҳои интиқолёфта аз бонкҳо сомонӣ мегиранд, ҳеч зараре нахоҳанд дид.

Бонки миллӣ дар шарҳи қарор изҳор доштааст, ки мизоҷон сомониро тибқи қурбҳои бозорӣ дастрас хоҳанд кард: “Қурб барои мубодила аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар мешавад ва қурби бозорӣ барои рубли нақди русӣ, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст”.
Мӯҳр
саид
Чанобон калингу замин мошину хона хамаро ба сомони савдо шавад факат ба рубли мухочирон намешавад

деҳқон
тамом худо зад, дига ба чӣ қароре эътироз кунӣ меган хап кун ки дар зерш имзои пешвои милат дора

Бо ин рох курби сомониро боло карда намеша, мухтарам мансабдорон пулхои бо хар роххо ба даст овардаву дар бонки Швесария хобида бари сохтмони зовуту фабрик (корхонахо)дар точикистон истифода карда чои кор барои акалан 500000'наф ар ташкил кардан даркор , маблагхои бо хуни дил бадаст овардаро бо доллару рубл дихед. ин рох хатост. ......?????!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)