Манбаъ афзуд, дар лоиҳаи буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва қарзҳои дигари давлатӣ, инчунин маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ҷамъ оварда шудаанд. Дар соли 2012 ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба маблағи 10 миллиарду 160,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла даромадҳои ҷории буҷети давлатӣ – 7 миллиарду 790,0 млн. сомонӣ муқаррар мегардад. Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар соли 2012 нисбат ба соли 2011 бо ҳисоби номиналӣ 1миллиарду 868,6 млн.сомонӣ, аз ҷумла аз рўи даромадҳои ҷорӣ ба маблағи 1 миллиарду 622,6 млн.сомонӣ афзоиш меёбад.
Зикр гардид, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар соли 2012 ба назардошти касри буҷет (180,0 млн.сомонӣ) 10 миллиарду 340,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2011 – 1 миллиарду 746,8 млн.сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2012 ба маблағи 2531,0 млн. сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 488,0 млн.сомонӣ афзоиш меёбад.
Ҳамин тавр, вакилони Маҷлиси Намояндагон лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» - ро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз доданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |