Боздошти “заминфурӯш”: Ӯ дар мақомот пуштибон доштаст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Муин Мансуров, сокини 38-солаи шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки бо ваъдаи ҷудо намудани замин аз сокинон беш аз 250 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ боздоштшуда дар 18 ҳолати қаллобӣ муттаҳам мешавад, ки 12 ҳолати он ба ҷудо намудани замин рост меояд: “Барои ҷудо намудани замин барои сохтмони мағозаю марказҳои тиҷоратӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз корафтодаҳо аз 41 то 56 ҳазор доллари амрикоӣ ва барои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ аз 3 то 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, муттаҳам ба корафтодаҳо заминҳоро низ нишон дода, изҳор доштаст, ки мунтазири дуруст кардани ҳуҷҷатҳо аз сӯи мақомоти дахлдор шаванд. Ба иттилои манбаъ далелҳои қазия аз он шаҳодат медиҳанд, ки Мансуров дар мақомоти дахлдор низ шарику пуштибонҳои худро доштаст ва феълан амалиёт барои муайян кардани шахсияти онҳо идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |