Шаҳрванди Тоҷикистонро раҳбари “таблиғиҳо”-и Русия муаррифӣ мекунанд

Расонаҳои русӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро раҳбари аъзои созмони “Таблиғи ҷамоат” дар Русия муаррифӣ кардаанд.
Онҳо бо такя ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аз ин нафар М.Хоҷаев ном бурда, гуфтаанд, таҳсилдидаи Ҳиндустону Бангладеш мебошад: “Хоҷаев соли 2010 барои фаъолият дар “Таблиғи ҷамоат” дар Тоҷикистон равонаи зиндон шуд. Баъди чор сол раҳо шуда, барои омӯзиш ба маркази “Таблиғи ҷамоат” ба Бангладеш рафта, аз онҷо ба Русия омадааст. Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Русия ба кори ҷалби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба ин ҷамоат машғул будааст”.
Расонаҳо мегӯянд, 16 феврали соли равон кормандони Хадамоти федеролии амният (ФСБ) ва пулис дар шаҳри Пушкинои вилояти Маскав фаъолияти ин гуруҳи дар Русия мамнӯъро боздошта, чанд аъзои онро дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, афроди дастгиршуда зери раҳбарии шаҳрванди Тоҷикистон – М. Хоҷаев фаъолият мебурдаанд: “Аз боздоштшудаҳо 13 адабиёти динии дар Русия мамнӯъ ва дафтари ҳисоботи корҳои анҷомшуда мусодира гардид”.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, дастгиршудаҳо иқрор кардаанд, ки аъзои ин созмони мамнӯъ буда, дар марказҳои миссионерии Ҳиндустону Бангладеш таҳсил дидаанд ва дар ҷаласаи ҷаҳонии раҳбарони “Таблиғи ҷамоат” иштирок кардаанд.
Аммо мақомот нагуфтаанд, ки оё худи Хоҷаев ҳам боздошт шудааст ё на ва миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони дигари Тоҷикистон низ ҳастанд ё хайр.
Таблиғи Ҷамоат соли 1926 чун созмони зиддиҷангӣ ва ғайрисиёсӣ дар Ҳиндустон ташкил шудааст. Фаъолияти ин созмон дар бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ, назири Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Русия манъ карда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |