Маҳфили шеъру суруди Рустами Ваҳҳоб ва Амриддини Кабир дар Иттифоқи нависандагон
Дар Душанбе маҳфили шеъри Рустами Ваҳҳоб, шоири андешагаро ва адабиётшиноси варзидаи тоҷик, бо овозхони саршинос Амриддини Кабир баргузор мешавад.
Ин маҳфил бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар доираи баргузории Ҳамойиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз соати 14:00-и 19 феврал оғоз мешавад.
Раёсати Иттифоқи нависандагон мегӯяд, дар идомаи тадбирҳо бахшида ба Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, 26 феврал дар толори иттифоқ маҳфили шеъру суруди Шоири халқии Тоҷикистон – Гулназар Келдӣ бо овозхони маъруф Хосияти Зарафшонӣ доир мегардад.
Ҳамойиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз 19 то 24 марти соли 2016 бо ҳузури шоирони тавонои форсизабони ҷаҳон давом хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |