Прокапчук баъди парондани ҷавони тоҷик: Худаш гунаҳкор буд

Додгоҳи Самара ба мурофиаи Николай Прокопчук, шаҳрванди 23-солаи Русия оғоз кардааст, ки дар қатли Искандар Бердиев, ҷавони 20-солаи тоҷик муттаҳам мешавад.
Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ Прокапчук Бердиевро аз силоҳи шикории “Сайга” парондаст. Владимир Красиков, вакили дифои муттаҳам ба расонаҳои Русия изҳор доштааст, ки зерҳимояаш барои наҷоти ҷони рафиқаш ин шаҳрванди Тоҷикистонро парондаст.
Ҳодиса 19-уми сентябри соли 2015 дар тарабхонаи “Разгуляй”-и шаҳри Самара рух додаст: “Соати 4:00-и субҳ миёни ду гуруҳ муноқиша сар зада, дар беруни тарабхона идома ёфтаст. Дар пайи муноқиша Прокапчук силоҳашро аз бордони мошин гирифта, ҷавони тоҷикро парондаст”.
Дар пайи қатли ҷавони тоҷик Прокапчук, ки зодаи шаҳри Уляновск мебошад, аз ҷои ҳодиса ғайб зада, танҳо баъди 5 рӯз-24 сентябр ихтиёран ба мақомоти пулиси Самара ҳозир шудааст: “Ӯ изҳор доштааст, ки аз тарси қассоси дӯстони ҷавони тоҷик гурехт ва иддао пеш гузоштааст, ки тирро барои ҳимояи дӯсташ-Василий холӣ кардаст”.
Красиков, вакили дифои Прокапчук мегӯяд, дӯсти зерҳимояаш-Василий ба мақомот ариза навиштааст, ки воқеан ҷавони тоҷик ба ӯ таҳдиди куштан кардаст. Ба гуфтаи вакили дифоъ мақомоти тафтишотӣ ин аризаро ба назар нагирифта, таҳқиқотро муносифона анҷом надодаанд. Красиков идао дорад, ки дар қазия ҳимоя ҷой дорад, на куштор. Ба гуфтаи ӯ зерҳимояаш қасди қатли ҷавони тоҷик надошт, хостааст ба дасташ тир холӣ кунад, аммо тир хато рафтасту ҷавони тоҷик мурдаст.
Дар мурофиа бозпурсии наздики 10 шоҳид дар назар аст. Тибқи қонунгузории Русия ба муттаҳам дар қатли Искандар Бердиев то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Мурофиаи навбатии додгоҳӣ 1 март таъин шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |