3331722 боздиди ВИДЕОИ имтиҳони қории навраси тоҷик дар Фейсбук
Навори имтиҳон ва санҷиши қории навраси тоҷик дар як шабакаи телевизионии арабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рекорд мегузорад. Ин видео аз замони нашраш дар Фейсбук -- 22 августи соли 2015 то замони нашри ин хабар 3 331 722 маротиба дида шуда, 66 120 нафар онро писандидаанд. Теъдоди шарҳҳои он ба 840 мерасад. Ин навори видеоӣ ба яке аз шабакаҳои телевизионии арабӣ тааллуқ дошта, дар интернет бо номи “Ин тифл, бидуни баҳс муъҷизаи асри мост” (бо забони арабӣ) аз сӯи Муҳаммад абу Халифа , як корбар аз Урдун гузошта шудааст. Дар ин навор Аёмиддини Фахриддин, як навраси тоҷик, ки кулли Қуръонро ҳифз кардааст, мавриди имтиҳони панҷ донишманди араб қарор гирифта, ба тамоми суолҳо посухи дурусту мантиқӣ пешниҳод мекунад.Видео дар Ютуб VIDEO
Аёмиддини Фахриддин бо ин ки қории мураттаби Қуръон аст, вижагиҳои дигаре низ дорад. Ӯ тамоми саҳафоти Қуръонро бо матнҳояшон ҳифз кардааст ва ҳангоме аз вай пурсида шавад, ки дар фалон саҳифаи ин китоби муқаддас кадом оя ва кадом сура аст, бидуни мушкил ҷавоб медиҳад. Ва ё агар ояе гуфта шавад, бидуни ин ки ба кадом китобе назар андозад, рақами оя ва рақами саҳфаи Қуръонро номбар мекунад. Аёмиддин соли 2014 дар бахши ҳифзи кулли Қуръони Карим бо риояи таҷвид ва ҳифзи матни муқаддимаи ҷазария дар озмуни ҷумҳурявии “Ҳифз ва қироати Қуръони Карим - 2014” дар Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҳоло ин қории наврас ҳамроҳи падару модараш дар Русия зиндагӣ мекунад. Ин тифли тоҷик ба чаҳор забон: тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ва арабӣ тасаллути комил дошта, бештар аз 40 ҳадиси набавиро бо ин забонҳо азёд медонистааст. Дар як навори видеоие, ки дар шабакаи Ютуб гузошта шудааст, яке аз муаллимони русаш мегӯяд, Аёмиддин дар мактаб ҳам бисёр хубу аъло мехонад ва ба варзиш ҳам шавқ дошта, бозигари хуби футбол ҳам ҳаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31