Имрӯз дар Душанбе «Ҳафтаи Аврупо-2011» оғоз гардид.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба ҷашни ҳарсолаи фарҳангиашон таваҷҷӯҳи хосе қоиланд ва ин маросим дар ҷумҳурии мо аз 2 то 15 ноябри соли равон идома хоҳад кард. Гуфтанист, «Ҳафтаи Аврупо-2011» ҷавонони моро, ки онҳо симои асосии масъули ҷамъиятӣ ва фарҳангии фардо мебошанд, ба ҳам мепайвандад. Аз он ҷумла, мусобиқаи баҳсу мунозираҳои байналхалқии «Насли наврас роҳҳои нави ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» гузаронида мешавад, ки барои баҳсу мунозираҳо ва мубодилаи фикру ақоиди ҷавонон имконияти хуб медиҳад
Ёдрас менамоем, дар доираи «Ҳафтаи Аврупо-2011» ҷашнвораи филмҳои бадеӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа баргузор мегардад, ки сужаи онҳоро асосан масоили марбут ба ҳаёти ҷавонони имрӯз дар бар мегирад.{jathumbnail off}
Мӯҳр