Ҳусейн Насимов донишҷӯйи тоҷик, ки бо тақдими гул ва ғизо ба мардуми муҳтоҷи Индонезия дар ҷомеа шӯре барангехт, ахиран навореро бо номи “Tajikistan Exists” (Тоҷикистон вуҷуд дорад) интишор кард.
Ҳусейн Насимови 20-сола донишҷӯи Telесom University-и Индонезия мебошад. Ӯ ҳамроҳ бо ҳамсабақонаш дар иқдоме ба оворагардону талбандаҳо гул ва ғизо тақдим кард. Навори ин иқдом дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле гарм пазируфта шуд ва садҳо нафар дар саросари олам аз вай тавсиф карданд. Рӯзи гузашта, Ҳусейн навори дигареро дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук нашр кард, ки “Тоҷикистон вуҷуд дорад” унвон дорад ва ба қавли ин донишҷӯи тоҷик ҳадафаш ин аст, ки дунё аз Тоҷикистон шинохти комилу дурусте дошта бошад. Ӯ дар як суҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” нахуст дар бораи иқдоми аввалиаш гуфт.
Ҳусейн Насимов: Ҳамеша некхоҳи мардумон бош, Ба неки кӯш в-он гаҳ дар амон бош. Мо бо ин амаламон мехоҳем, тамошобинҳои худро ба кори хайре даъват кунем, то бидонанд ин амал метавонад бисёрии инсонҳоро шод бигардонад. Мақсади ман ҳамин ҳаст. Бояд дар зиндагӣ бо ёрии ночизе дасти якдигар ва инсонҳоро бигирем.
Озодагон: Ба назари Шумо Тоҷикистон то чӣ андоза дар берун аз кишвар шинохта шудааст ва ҳамсабақонатон, ки аз ҳар кишвари дунё ҳастанд, дар бори Тоҷикистон чӣ медонанд ва чӣ назар доранд?
Ҳусейн Насимов: Тоҷикистон сарзамини мо ҳаст ва ман ҳамучун як шаҳрванди ин сарзамин ифтихор мекунам, ки давлати мо соҳибистиқлол аст ва ваҳдату оромӣ ҳукумфармост. Дар Индонезия Тоҷикистон ва мардуми азизи моро ҳамчун миллати соҳибтамаддун, соҳибмаърифат ва соҳибфарҳанги ҷаҳон мешиносанд.
Озодагон: Ҳамин гуна аксия ё иқдомҳое, ки Шумо мегузаронед ва дар Интернет пахш мекунед дар Индонезия маъмуланд?
Ҳусейн Насимов: Бале, дар ин ҷо наворҳои тарбиявию ахлоқӣ маъмуланд. Ва агар шахсе, ки аз дигар кишвар омадааст, чунин корҳои хайрро анҷом бидиҳад, бо самимияти хос мепазирандаш.