Гуфтушуниди Тоҷикистону Русия барои тиҷорат бидуни доллар
Тоҷикистон ва Русия талош доранд, аз ҳисоббаробаркуниҳо бо доллар даст бикашанд ва табодули колоро бо арзи миллӣ роҳандозӣ намоянд.
Дар ин бора Сергей Лисовский, муовини аввали Кумитаи аграрии Шӯрои федеролии Русия дар ҳошияи анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Русия дар Маскав иттилоъ додаст.
Лисовский изҳор доштааст, ки мехоҳем аз доллар дар ҳисоббаробаркуниҳо даст бикашем ва ба арзи миллӣ бигзарем. Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки имкон дорад ин муқаррарот дар ҳамин сол ҷорӣ шавад.
Зимни Анҷуман инчунин интиқоли бемонеаи молу коло миёни ду кишвар ва содасозии расмиёти гумрукӣ барои маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, ки зуд вайрон мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |